Дар шаҳри Панҷакент, як ҷӯгӣ ҳамсарашро бо ресмон буғӣ карда ба ҳалокат расонидааст. Дар ин бора як манбаъ аз ШВКД-и шаҳри Панҷакент иттилоъ дод.
Бино ба маълумоти сарчашма, Бобоёров Имом, соли таваллудаш 1972, 19-уми сентябр тақрибан соатҳои 12-и шаб ҳамсараш Асадова Зулфия, соли таваллудаш 1974-ро бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалоқат расонида аст. Пас аз ин Бобоёров Имом худаш ба ШВКД ҳозир шуда, ба гуноҳаш иқрор шудааст. Бобоёров Имом сабаби куштани ҳамасарашро рашк бурдан ба ӯ арзёбӣ кардааст.
Кормандони ШВКД мегӯянд, рух додани ин гуна ҳодиса аз тарафи ҷӯгиёни Панҷакент хеле кам ба назар мерасад.
Хуршед Фозилов