Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Шодиев дар даври финалии Чемпионати Осиё-2018 дар Тайбэйи Чин дар гурӯҳи худ се бозӣ гузаронд ва ба ду шикаст мувоҷеҳ шуду як ғалаба ба даст овард.

Дар чемпионати Осиё, ки аз 1-уми феврал шурӯъ шуду то 11-уми ин моҳ идома меёбад, Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои Ҷопон (1 феврал), Ӯзбекистон (3 феврал) ва Кореяи Ҷанубӣ (5 феврал) бозӣ кард.

Бозии якуми даста бо Ҷопон бо натиҷаи 2:4 анҷом ёфт. Голҳои дастаи Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ва Некрӯз Алимаҳмадов заданд. Дар бозии дуюм бо Ӯзбекистон низ чунин ҳисоб ба қайд гирифта шуд, ки муаллифи голҳои дастаи мо Умед Кузиев ва Дилшод Саломов буданд. Шогирдони Ҳусейн Шодиев баъди ин шикастҳо имкони ба даври дигар гузаштанро аз даст доданд, аммо дар бозии охир барои мухлисон хурсандӣ оварданд. Футзалчиёни тоҷик ба дарвозаи дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ ҳафт голи беҷавоб заданд. Голҳоро Умед Кузиев (дубл), Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарифов, Рустам Ҳамидов, Иқболи Воситзода ба ҳадаф расонданд. Ҳунари дарвозабон Муродулло Алиқулов буд, ки ҳарифон натавонистанд дарвозаи ӯро сӯрох кунанд.

Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо се ғалаба (бо Тоҷикистон 4:2, бо Корея 5:2 ва бо Ӯзбекистон 4:2) дар садри ҷадвал аст. Ӯзбекистон бо ду ғалаба (бо Корея 13:2, бо Тоҷикистон 4:2) ва як шикаст (бо Ҷопон 2:4) дар ҷойи дуюм аст. Тоҷикистон бо як ғалаба дар зинаи сеюм монд, ки имкони ба даври дигар гузаштанро надорад.

Ҷопон дар даври дигар бо дастаи ҷойи дуюми гурӯҳи «А» ва Ӯзбекистон бо ғолиби ин гурӯҳ бозӣ мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here