Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо пирӯзии дуюм дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2020, пеш аз мӯҳлат ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳхат гирифт.
Дар даври дуюми марҳалаи интихобии минтақаҳои муттаҳидшудаи Марказӣ ва Ҷанубӣ дар гурӯҳи «А» шогирдони мутахассиси серб Деян Дедович тими миллии Афғонистонро бо ҳисоби 5: 2 мағлуб карданд ва ба қисми ниҳоии чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Туркманистон баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд.
Футзалбозони тоҷик як бозии дигар бо дастаи мунтахаби Ӯзбекистон баргузор мекунанд, ки натиҷаи ин вохӯрӣ садди роҳи ба даври финалӣ роҳ ёфтани онҳо намешавад, зеро аз ҳар гуруҳ ду дастаи ҷойи аввал соҳиби роҳхат мешаванд.