Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси серб Деян Дедович дар даври интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки дар шаҳри Урмияи Эрон баргузор мешавад, ширкат дорад. Футболбозони мо дар гуруҳи «А» дар бози якум бо ҳисоби бузурги 6:0 бар Непал пирӯз шуданд.
Рустам Ҳомидов ва Файзалӣ Сардоров дутӯбӣ, Умед Кузиев ва Парвиз Раҳматов яктӯбӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон заданд.
Дар вохӯрии дигари ин гурӯҳ футзалчиҳои Ӯзбекистон нисбат ба дастаи Афғонистон қавӣ буданд, ки бо натиҷаи 6:2 ғолиб омаданд.
Дар даври дуюм имрӯз, 24-уми октябр, дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ соати 14:30 бо вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бояд гуфт, ки дар ба финали Чемпионати футзали Осиё, ки соли оянда дар Туркманистон баргузор мешавад, ду даста аз ҳар гурӯҳ аз минтақаҳои омехтаи марказӣ ва ҷанубӣ роҳхат мегиранд.