Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар Бишкек бо дастаи мунтахаби Қирғизистон бозӣ кард ва як имтиёз ба даст овард.

Вохӯрӣ бо бартарии футболбозони тоҷик оғоз шуд ва ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-ум пас аз партофти Эҳсони Панҷшанбе ҳисоби бозиро Ҷаҳонгир Эргашев кушод. Қисми якуми бозӣ бо натиҷаи 1:0 бар нафъи шогирдони Усмон Тошев ба охир расид. Қисми дуюми бозӣ низ то дақиқаи 83-юм бо ҳамин ҳисоб идома кард. Футболбозони тоҷик дар хатти дифоъ нишастанд, аммо соҳибони майдон пайваста дар ҳуҷум буданд, то ҳисобро баробар кунанд ва агар имкон даст дод, пирӯзӣ ҳам ба даст оранд. Мусовӣ кардани бозӣ ба онҳо муяссар шуд. Зарбаи задаи як бозигари қирғизро дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ятимов баргардонд, аммо тӯб аз дасташ раҳо шуд ва аввалин шуда муҳофизатгари рақиб Темурланг Козубойев ба он расид. 1:1 ва бозӣ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз ду бозӣ бо Қирғизистон аз 6 имтиёзи имконпазир 4 хол ба даст овард ва ин нишондиҳандаи бад нест. Ҳоло ҳардуи ин дастаҳо бо ҳафтимтиёзӣ дар зинаҳои дуюму сеюми гуруҳи «F» қарор доранд. Чун ҳисоби голҳои Қирғизистон бештар аст, зинаи дуюмро банд кардааст, аммо дар асл ин даста дар Душанбе аз дастаи Тоҷикистон шикаст хӯрд ва дар Бишкек мусовӣ кард.

Дар бозии дигари ин гуруҳ дастаи мунтахаби Мянмар, ки дар даври гузашта дастаи Тоҷикистонро бо натиҷаи 4:3 шикаст дода буд, бар Муғулистон ғалаба кард (1:0) ва имтиёзҳояшро ба шаш расонд. Ҷопон дар ин давр истироҳат кард.

Вохӯриҳои дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи ин мусобиқа моҳи март ва июни соли оянда баргузор хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here