Се футболбози тоҷик, ки яке дар санҷиш ва дуи дигар бозигари асосоии дастаҳои хориҷӣ шудаанд, дар вохӯриҳои дастаашон ба майдон баромаданд ва ба яке муяссар шуд, гол ҳам занад.

Ниммуҳофизатгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Ҷаҳонгир Алиев, ки дар санҷиши дастаи “Насаф”-и Ӯзбекистон қарор дорад, дар вохӯрии санҷишии ин даста ширкат кард.

Дастаи “Насаф” пеш аз сафар ба Туркия бо дастаи “Суғдиён” вохӯрии санҷишӣ гузаронд ва бо натиҷаи 3:0 ғолиб омад. Алиев то дақиқаи 67-ум бозӣ кард. Ҷаҳонгир бо ин даста ба Туркия барои машқу омодагӣ меравад ва қарор аст, ки дар вохӯриҳои санҷишии даста ширкат кунад.

Капитани дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Нуриддин Давронов дар клуби нави худ гол зад. Дар вохӯрии даври якуми  «Suramadu Super Cup 2018», ки дар Индонезия мегузарад, Давронов дар ҳайати дастаи “Мадура Юнайтед” 90 дақиқа дар майдон буд ва ба дарвозаи “Персия” (2:0) аз зарбаи ҷаримавӣ гол ҳам зад. Дар доираи ин мусобиқа Фатҳулло Фатҳуллоев дар ҳайати “Персела Ламонган”дар бозӣ бо “Кеддах” (2:2) дар қисми дуюм ба майдон баромад.

Нуриддин Давронв ва Фатҳулло Фатҳуллоев имрӯз шояд муқобили ҳам ба майдон бароянд, зеро дастаҳои онҳо дар доираи даври дуюми «Suramadu Super Cup 2018» бо ҳам қувва месанҷанд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here