Аз 4 то 8 сентябри соли равон дар шаҳри Юннани Ҷумҳурии халқии Чин мусобиқаи байналхалқии футбол миёни дастаҳои мунтахаби футболбозони то 21-сола баргузор мешавад, ки дар он намояндагони Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо дастаҳои ҷавонони Чин, Узбекистон ва Мянмар вомехурад. Иштирок дар ин мусобиқаи байналмилалӣ аз марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ба даври интихобии чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад, ки 18-26 марти соли оянда баргузор хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here