Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2019 U-17, ки дар Бразилия идома дорад, натавонист аз гуруҳи худ ба даври ҳаштякфинал барояд. Дар се бозӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов як пирӯзӣ ба даст оварданд ва ду маротиба шикаст хӯрданд.

Наврасони тоҷик аввал дар бозӣ бо Камерун, ки чемпиони қраи Африқо ас, пирӯзӣ ба адст оварданд. Голи ягонаи ин вохӯриро Шарифбек Раҳматов аз пеналтӣ зад. Дар бозии дуюм наврасони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Испания бо натиҷаи 1:5 шикаст хӯранд. Голи ягонаи Тоҷикистонро бозигари ҳариф ба дарвозаи худ равон кард.

Дар бозии ниҳоии даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2019 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) аз Аргентина бо ҳисоби 1:3 мағлуб гашт. Голи дастаи Тоҷикистонро Рустам Соиров аз пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар гурӯҳи “Е” аз се бозӣ 3 хол ба даст оварда, натавонистанд ба даври 1/8-финал роҳ ёбанд. Аз ин гурӯҳ дастаҳои мунтахаби наврасони Испания ва Аргентина ба даври дигар баромаданд.

Новобаста ба он ки футболбозони мо натавонистанд ба даври дигар роҳ ёбанд, аммо тамоми мухлисон шоҳид шуданд, ки онҳо дар ҳар се бозӣ муқобили чемпионҳои Африқо, Аврупо ва Амрико бо тамоми қувва ҳунарнамоӣ карданд ва Тоҷикистони азизро дар ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.

Дар даври 1/8-финали Чемпионати ҷаҳон-2019 миёни наврасон дар Бразил Ангола бо Кореяи Ҷанубӣ, Нигерия бо Ҳолланд, Ҷопон бо Мексика, Испания бо Сенегал, Бразил бо Чилӣ, Фаронса бо Австралия, Эквадор бо Италия ва Прагвай бо Аргентина вомехуранд. Бозиҳои ин давр 5, 6 ва 7 ноябр баргузор мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here