Қуръакашии Лигаи чемпионҳои Аврупо маълум кард, ки “Реал” дар даври 1\8-финал бояд бо “Манчестер Ситӣ” бозӣ кунад ва “Челсӣ” аз имтиҳони “Байерн” гузарад. Ба чемпиони феълии Аврупо барои ҳифзи ин унвон зарур аст, ки дар ин марҳала “Атлетико Мадрид”-ро аз пеши роҳаш бардорад.
Ҳамаи ҷуфтҳои 1/8-финали Лигаи чемпионҳо чунинанд:
Боруссия Дортмунд (Олмон) — ПСЖ (Фаронса);
Реал Мадрид (Испониё) — Манчестер Ситӣ (Англис);
Аталанта (Итолиё) — Валенсия (Испониё);
Атлетико (Испониё) — Ливерпул (Англис);
Челсӣ (Англис) — Байерн (Олмон);
Лион (Фаронса) — Ювентус (Итолиё);
Тоттенҳэм Хотспур (Англис) — РБ Лейпсиг (Олмон);
Наполӣ (Итолиё) — Барселона (Испониё).
Бозиҳои аввали Лигаи чемпионҳо 18-19-ум, 25-26-уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ 10-11-ум, 17-18-уми март баргузор мешаванд.
Ҳамаи ҷуфтҳои 1/16-финалии Лигаи футболи Аврупо чунинанд:
Вулверхэмптон (Англис) — Испанйол (Испониё);
Спортинг (Портуғол) — Истамбул Басакшехир (Туркия);
Хетафе (Испониё) — Aякс (Нидерланд);
Байер (Олмон) — Порту (Портуғол);
Копенгаген (Данмарк) — Селтик (Скотланд);
АПОЭЛ (Қибрус) — Базел (Суис);
ЧФР Клуж (Румонӣ) — Севиля (Испониё);
Олимпиакос (Юнон) — Арсенал (Англис);
Аз Алкмар (Нидерланд) — ЛАСК (Утриш);
Брюгге (Белжик) — Манчестер Юнайтед (Англис);
Лудогоретс (Булғористон) — Интер (Итолиё);
Айнтрахт (Олмон) – Ред Булл Залсбург (Утриш);
Шахтёр (Украин) — Бенфика (Портуғол);
Волфсбург (Олмон) — Малме (Суид);
Рома (Итолиё) — Гент (Белжик);
Рейнҷерс (Скотланд) — Брага (Портуғол).
Бозиҳои аввал 20-уми феврал ва бозиҳои ҷавобӣ 27-уми феврал баргузор мешаванд.