15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе вохӯрии даври 4-уми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор мешавад.

Сармураббии ҳарду даста ба ин вохӯрӣ бозигарони беҳтаринро даъват кардаанд, ки дар ҳайати дастаи Тоҷикистон аз 23 бозигар ҳамагӣ 4 тан легионер ҳастанд, дар ҳайати Ҷопон аз 23 футболбоз 20 нафар дар хориҷа бозӣ мекунанд.

Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев ниммуҳофизатгар Нуриддин Давроновро, ки айни замон дар клуби «Уммон» (Уммон) ҳунарнамоӣ мекунад, даъват кардааст. Дар маҷмӯъ, аз футболбозони тоҷике, ки дар дастаҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, 4 бозингар ба дастаи миллӣ шомил гардидаанд. Инҳо Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон) ва Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон) мебошанд. Ба ҷойи Искандар Ҷалилов, ки дар бозии охир корти сурх гирифт, ягон футболбоз даъват нашудааст. Эҳтимол меравад, ки дар ин мавқеъ футболбози 19-сола Манучеҳр Сафаров бозӣ кунад.

Ҳайати дастаи Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Локомотив-Помир»), Фатҳулло Бобоев («Регар-ТадАЗ»);

Муҳофизатгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Аҳтам Назаров, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Давронҷон Эргашев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду – «Хуҷанд»);

Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Булғория), Нуриддин Давронов («Уммон», Уммон), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммадҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама аз «Истиқлол»), Отабек Каримов, Кароматулло Саидов (ҳарду аз «Кӯктош»), Тоҳир Маладустов («Барқчӣ»);

Ҳуҷумкунандаҳо: Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду аз «Истиқлол»), Манучеҳр Ҷалилов (бе даста).

Сармураббӣ: Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Ҳайати дастаи Ҷопон:

Дарвозабонҳо: Эйдзи Кавасима («Страсбур», Фаронса), Сюити Гонда («Портимоненси», Португалия), Дэниел Шмидт («Сент-Трюйден», Белгия).

Муҳофизаттгарон: Юто Нагатомо («Галатасарай», Туркия), Мая Ёсида (С) («Саутгемптон», Англия), Хироки Сакаи («Олимпик Марсел», Фаронса), Наомити Уэда («Серкл Брюгге», Белгия), Коки Андзаи («Портимоненси», Португалия), Синносукэ Хатанака («Иокогама Ф», Япония), Такэхиро Томиясу («Болоня», Италия).

Ниммуҳофизатгарон: Гэнки Харагути («Ганновер 96», Германия), Гаку Сибасаки («Депортиво», Испания), Ватару Эндо («Штутгарт», Олмон), Ҷюня Ито («Генк», Белгия), Кэнто Хасимото («Токио», Япония), Сёя Накадзима («Порту», Португалия), Такуми Минамино («Ред Булл Залтсбург», Австрия), Ко Итакура («Гронинген», Ҳолланд), Ритсу Доан («ПСВ», Ҳолланд), Такефуса Кубо («Малорка», Испания).

Ҳуҷумкунандаҳо: Кэнсукэ Нагаи («Токио», Япония), Такума Асано («Партизан», Сербия), Даити Камада («Айнтрахт Франкфурт», Олмон).

Сармураббӣ: Хадзимэ Мориясу (Ҷопон)

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here