Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагиро ба бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар дастаи Ҷопон мунтазам идома медиҳад.

Дар рӯзи сеюми тамринҳои омӯзишӣ дар Душанбе, шогирдони Усмон Тошев ду тамрин гузарониданд, Субҳ бозигарон аз ҳолати омодагии физикӣ санҷиш супориданд, шом дар Варзишгоҳи марказии Душанбе боз як тамрин баргузор карданд.

Ниммуҳофизатгари марказӣ Нуриддин Давронов, ки захмӣ шуд, дар машқҳои бегоҳӣ ширкат накард. Ҳамчунин, Шаҳром Самиев бо сабаби ҳарорати баланд натавонист дар ҷараёни машқ ширкат варзад. Ҳимоятгар Давронҷон Эргашев аз рӯи барномаи инфиродӣ ба таълим оғоз кардаасту танҳо бо давидан фаро гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, бозии даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон рӯзи сешанбе, 15-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад ва соати 17:15 оғоз меёбад.

Ин бозиро ситоди доварон аз Ироқ ҳакамӣ хоҳанд кард. Довари асосии майдон реферии 29-солаи FIFA Муҳаммад Зайд Тамер хоҳад буд. Дар хатҳо ба ӯ ҳамватанони ӯ, ёварони доварони FIFA Убайд Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ ва Ҷаббор Акрам Алӣ ёрӣ мерасонанд. Довари чорум довари FIFA Чормурат Қурбонов аз Туркманистон хоҳад буд. Нозири доварҳо Энтонӣ Ҷон Да Коста аз Ҳиндустон ва комиссари бозӣ Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ аз АМА таъйин шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here