Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар як бозии лӯстона дар Дубай аз дастаи мунтахаби Урдун шикаст хӯрд.

Ин вохӯрӣ, ки яке аз ду бозии санҷишии футболбозони Тоҷикистон дар Дубай аст, дирӯз дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор шуда, бо пирӯзии урдуниҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфт. Бозигари Урдун Аҳмад Ҳамдоунӣ дар дақиқаи 37-ум аз пеналтӣ ҳисобро кушод, баъд аз ҳафт дақиқа бозигари дигари урдунӣ Муҳаммад Абузирайк ҳисобро ба 2:0 расонд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ин ҳайат бозӣ кард: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Даврон Эргашев, Аҳтам Назаров (к), Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Абдулмуъмин Забиров, 82), Муҳаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 73), Ҷаҳонгир Эргашев (Табрези Давлатмир, 77), Эҳсони Панҷшанбе, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҳир Малодӯстов, 82).

Рӯзи ҷумъаи 5-уми феврал дастаҳои мунтахаби Урдун ва Тоҷикистон бозии дуюми дӯстонаро дар Дубай баргузор мекунанд. Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here