Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд (2: 3). Ин ҳам дар ҳолест, ки дастаи Тоҷикистон бо ҳисоби 2: 0 пешсаф буд.

Бозӣ дирӯз, 12 ноябр, дар варзишгоҳи Забили Дубай баргузор шуд. Дар дақиқаи 20-уми вохӯрӣ дастаи мо пас аз зарбаҳои дақиқи Давронҷон Эргашев ва Комрон Турсунов бо ҳисоби 2: 0 пешсаф буд, аммо, футболбозони мо бартарии худро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар вақти изофашудаи 90 + 4 голи сеюмро сар доданд.

Ин сеюмин бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон дар соли равон буд. Қаблан шогирдони Усмон Тошев бо дастаҳои мунтахаби Узбекистон (1: 2) ва Баҳрайн (0: 1) бозиҳои дӯстона баргузор карда буданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here