Дирӯз дар Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор гардид.
Дар ин бозӣ шогирдони Аҳлиддин Турдиев дар дақиқаи 5-ум аз меҳмонҳо гол сар доданд ва тавонистанд, ки танҳо дар охирҳои қисми аввал бо пеналтӣ ҳисобро баробар кунанд. Ин голро Хуршед Давлатзода зад. Наврасони Узбекистон дар охири бозӣ як голи дигар заданд ва қусури бохти бозии якуми дӯстонаро бароварданд.
Дар бозии аввали дӯстона, ки се рӯз пеш баргузор шуда буд, наврасони Тоҷикистон ҳамсолони худ аз Узбекистонро бо ҳисоби 1: 0 мағлуб карда буданд.
Бозии дӯстона
Тоҷикистон (U-16) – Узбекистон (U-16) – 1:2
Голҳо: Шаҳзод Акрамов, 5 (0:1). Хуршед Давлатзода, 42 – аз пеналтӣ (1:1). Пулод Ҷумъахонов, 84 (1:2).