Дар бозии дуюми «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019», ки дар шаҳри Жуҳаи Чин идома дорад, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-22) бо дастаи Малӣ вохӯрд ва бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд. Шогирдони Усмон Тошев дар вохӯрии якум аз дастаи Чин бо натиҷаи 1:2 шикаст хӯрда буданд.

Дар вохӯрии дигар дастаи Сурия ғалабаи дуюми худро дар ин мусобиқа ба даст овард, ки ин дафъа дастаи Чинро мағлуб кард (1: 0). Сурия дар бозии якум бар Малӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд. Ҳоло ин даста бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Малӣ ва Чин бо сеимтиёзӣ дуюму сеюманд, Тоҷикистон бидуни имтиёз дар ҷойи охир аст.

Бозиҳои даври ниҳоӣ ва сеюм рӯзи шанбеи 14-уми декабр баргузор мешаванд. Дар ин рӯз дастаи олимпии мо бо дастаи Сурия бозӣ хоҳад кард. Вохӯрӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Добавить комментарий