Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври ҳафтуми марҳилаи дуюми даври интихобии Осиё ба Чемпионати ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” бар дастаи мунтахаби футболи Муғулистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Вохурии дастаҳо 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бо иштироки 9300 тамошобин баргузор шуд.

Голҳои задаи Манучеҳр Ҷалилов, Алишер Ҷалилов ва Шаҳром Самиев ба дастаи мунтахаби кишвар се имтиёзӣ заруриро овард, аммо бояд даста ҳарчӣ бештар ба дарвозаи ҳариф гол мезад, то таносуби голҳояшро хубтар кунад. Ин барои дар оянда беҳ кардани вазъи даста мусоидат мекард, чун дастаро дар ҷадвал  Қирғизистон дунболагир аст ва як бозӣ кам анҷом додаасту таносуби тӯбҳояш хеле беҳтар аст.

Пас аз ғалаба бар Муғулистон даста мунтахаби Тоҷикистон бо 10 хол ба ҷойи дуюми ҷадвали гурӯҳи “F” баромад. Дар ду бозии минбаъда шогирдони Усмон Тошев бо дастаи мунтахаби Ҷопон (7 июн) ва Мянмар (15 июн) вомехӯрад. Ҳар ду бозӣ дар Ҷопон баргузор мешавад, зеро КФО чунин тасмим гирифтааст, ки бозиҳои баъдии ин гуруҳ дар Ҷопон гузаронида шаванд. Далели ин ҳамагир шудани коронавирус ва эҳтиёт аз вазъи эпидемиологӣ аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here