Дирӯз дастаи мунтахаби футболбозони навраси то 16-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамсолони худ аз Узбекистон як бозии дӯстона анҷом доданд, ки чун бозии қаблӣ бо натиҷаи 1:0 анҷом ёфт, аммо ин навбат бар нафъи Тоҷикистон.

Бозӣ дар Варзишгоҳи 20-солагии Истиқлол дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва шогирдони Аҳлиддин Турдиев тавонистанд, ки бо натиҷаи 1:0 пирӯз шаванд. Голро дар дақиқаи 38-ум Хусрав Тоиров зад.

Бозии қаблии ин дастаҳо, ки 3-юми сентябр баргузор шуда буд, бо натиҷаи 1:0 бар нафъи меҳмонҳо ба охир расид.

Ин дастаҳо дар нақша доранд, ки боз як бозии дигари дӯстона баргузор кунанд. Ин вохурӣ 24-уми сентябр дар Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here