Имрӯз дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии пеш аз бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи вохӯриҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ва Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд.

Нахуст ба саволи хабарнигорони дохиливу хориҷӣ, ки шумораашон хеле зиёд буд, сармураббии дастаи Ҷопон Ҳадзимэ Мориясу ҷавоб гуфт. Ӯ аз вазъи даста ва омодагии шогирдонаш изҳори қаноатмандӣ кард ва аз шароити варзишгоҳ ҳам қонеъ буданашро иброз дошт. Сармураббии Ҷопон дар қатори дастаи худаш имкони ба даври дигар роҳ ёфтани дастаи мунтахаби Тоҷикистонро низ зиёд арзёбӣ кард.

Сипас, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Усмон Тошев низ ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дода гуфт, ки дастааш ба бозии фардо омода аст ва албатта, ки барои пирӯзӣ талош хоҳанд кард. Сармураббии Тоҷикистон бозигарони ҷопониро бо низом, бо маҳорат ва истеъдоди хуб хонд ва гуфт, ки дар Аврупо бозӣ кардани онҳо ҳарчанд гувоҳи дар сатҳи баланд будани онҳост, аммо футбол як бозии ба ҳама ошност ва шогирдони ӯ низ баладанд.

Вохӯрии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон фардо, соати 17:15, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мешавад.

Ҳоло дар ҷадвали гуруҳ дастаҳои Ҷопон ва Тоҷикистон бо шашимтиёзӣ пешсафанд, аммо таносуби голҳои задаи Ҷопон бештар аст, аз ин рӯ дар ҷойии аввал мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here