Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency» дар Душанбе нишасти матбуотии сармураббиёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Нишасти матбуотӣ пеш аз бозии якуми гуруҳии даври дуюми марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ширкати сармураббиҳо, намояндаи бозигарони дастаҳо ва журналистони дохиливу хориҷӣ сурат гирифт.
Нахуст сармураббии дастаи мунтахаби Қирғизистон Александр Крестинин ва бозигари ин даста Эдгар Бернхардт ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавоб гуфтанд. Крестенин ва Бернхардт гуфтанд, ки дастаи Тоҷикистонро омӯхтаанд ва фардо интизор доранд, ки бозии муҷаллое намоиш дода, бо пирӯзӣ бармегарданд.
Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мутахассиси бухороӣ Усмон Тошев гуфт, ки муҳити дастаи мунтахаби Тоҷикитон идона аст, ҳамаи бозигарон омода ҳастанд ва мақсад ҳам пирӯзӣ аст. Аҳтам Назаров бо намояндагӣ аз бозигарони тоҷик гуфт, ки бачаҳо барои пирӯзӣ омодаанд ва аз мухлисон даъват кард, то фардо дар майдон бозигаронро дар ин бозии муҳим дастгирӣ кунанд.
Тоҷикистон дар даври гуруҳии марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 дар як гуруҳ бо дастаҳои мунтахаби Ҷопон, Қирғизистон, Мянмар ва Муғулистон бозӣ мекунад. Ду дастаи беҳтарин аз ин гуруҳ ба даври дигар роҳ меёбанд.
Бозии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон ва Қирғизистон фардо, соати 19:00, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе оғоз мешавад.