Дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар медалҳои тиллои Чемпионати футболи миёни бонувони Тоҷикистонро ба даст овард. Маросими ҷоизасупорӣ 12-уми ноябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар баргузор шуд.
Медалҳои нуқра насиби дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ва медалҳи биринҷӣ насиби дастаи “Зебо”-и ноҳияи Дӯстӣ гардид.
Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар рафти чемпионат аз 18 бозӣ дар 16 дидор ғалаба карда, як бозиро мусовӣ ва як бозиро бо бохт анҷом дод ва бо 49 имтиёз дар ҷойи аввали ҷадвал қарор гирифт.
Меҳрона Файзуллоева аз дастаи “Хатлон” дарвозабони беҳтарин, Меҳрангез Шарипова аз ҳамин даста нишонзани беҳтарин, Некубахт Худододова аз дастаи “Зебонисо” бозингари беҳтарин ва Ашӯр Гадоев сармураббии дастаи “Хатлон” мураббии беҳтарин эътироф шуданд.
Дар Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 10 даста иштирок кард, ки 7 даста вилояти Хатлонро намояндагӣ мекунанд: «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқ» (Норак), «Ситора» (Фархор), «Зебо» (Дӯстӣ), «Чашма» (Шаҳритӯс), «Равшан» (Кӯлоб), «Бешкент» (Носири Хусрав) ва «Конибодом» (Конибодом).
Чемпионат дар ду марҳила сурат гирифт ва ҳар даста ду бози (дар хона ва дар сафар) анҷом дод.
Соли гузашта Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон бо иштироки 6 даста доир гардида, дастаи “Зебонисо”-и шаҳри Душанбе ғолиб шуда буд.