Бо ибтикори маъмурият ва ташкилоти ибтидоии ҳизбии литсеи касбӣ-политехникии шаҳри Панҷакент бахшида ба 25-солагии таъсиси ХХДТ дар варзишгоҳи хурди боғи истироҳату фарҳанги «Боғи тиллоӣ» давоми 24 рӯз байни дастаҳои футболи муассисаҳои таълимию олии шаҳр мусобиқа баргузор шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода ба ғолибони мусобиқа-дастаи футболи гурӯҳи таълимии № 3-и ЛКП барои ишғоли ҷои аввал,гурӯҳи таълимии № 15- барои соҳиб шудан ба ҷои дуюм ва гурӯҳи таълимии № 2 барои ба ҷои сеюм мушарраф гардидан Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҳизбро дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Донишҷӯи литсеи мазкур Хасан Сангинов ҳамчун бозингари беҳтарин ва довари мусобиқа ,омӯзгор Соҳибҷон Бадеҳов барои ташкили хуби мусобиқа сазовори Сипосномаҳои КИ-и ҳизб гардиданд.
Т. Солеҳзода