Дастаи мунтахаби ҷавонони футболбоз Тоҷикистон (U-19) дар марҳилаи интихобии Чемпионати Осиё-2020 дар гурӯҳи “С” бо се пирӯзӣ ва бе дар додани гол ба дарвозаи худ, дар ҷавдали мусобиқа аввал шуд ва ба марҳилаи финалӣ роҳхат гирифт.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов шоми 6-уми октябр дар бози охири гуруҳӣ бар дастаи мунтахаби ҷавонони Сурия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягонаро дар дақиқаи 23-юм Шаҳром Самиев зад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони мо дар ду даври қаблӣ бар дастаҳои Малдив (9:0) ва Лубнон (1:0) пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Ҳамин тариқ, бо ба даст овардани ҳамаи 9 имтиёзи имконпазир дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” ҷои аввалро ишғол карда, ба марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020, ки соли оянда дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт.

10-уми ноябр, ҳамаи 14 дастаи иштирокчии дигари марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2020  пас аз анҷоми марҳилаи интихобӣ дар 10 гурӯҳи дигар, маълум хоҳанд шуд.

Мавқеи дастаҳо дар гуруҳи “С”

 Ҷ  Дастаҳо В  П  М  Б  Т/Т И
 1  Тоҷикистон       3  3  0  0  11-0   9
 2  Лубнон  3  1  1  1  3-2  4
 3  Сурия  3  1  1  1  4-4  4
 4  Малдив  3  0  0  3  2-14  0

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here