Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) дар мусобиқаи 17-уми байналмилалии «Ҷоми рушд-2021», ки аз 30-юми январ то 7-уми феврал дар Минск (Беларус) баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев омодагиро ба мусобиқа дар Минск дар Академияи футболи ФФТ дар Алмосии Ҳисор оғоз кардааст. Соли гузашта дар «Ҷоми рушд» шогирдҳои Турдиев то ба финал баромада буданд.

Тибқи нақшаҳои ташкилкунандагони «Ҷоми рушд-2021», дар мусобиқа дар Минск ҳашт дастаи ҷавонон, ки аз ҳисоби футболбозони соли таваллудашон аз 2004 боло иборатанд, ширкат меварзанд. Ин мусобиқа, ки баргузориаш дар зимистон анъана шудааст, дар майдони футболи Минск баргузор мешавад.

Ин мусобиқа як навъ омодании ҷавонон ба Чемпионати 19-уми Осиё байни дастаҳои ҷавонон (U-17) ба ҳисоб меравад. Дар ин мусобиқа, ки имсол дар Баҳрайн баргузор мешавад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бозӣ мекунад. Ҳарифони дастаи мо футболбозони ҷавон аз кишварҳои Уммон, Яман ва Аморати Муттаҳидаи Араб хоҳанд буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here