Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Усмон Тошев бозигароне, ки барои омодагӣ ба бозии интихобии Ҷоми љаҳонии 2022 бо дастаи мунтахаби Муғулистон (25 март) даъват шудаанд, эълон кард.

Дар маҷмӯъ, ба рӯйхат 24 бозигар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд. Нимҳимоятгари «Навбаҳор» -и Намангон Эҳсони Панҷшанбе, ҳарчанд ба даста даъват шуда бошад ҳам, бинобар кортҳои зарди барзиёд доштанаш дар бозӣ бо Муғулистон ширкат намекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба ин бозӣ фардо, 19-уми март, дар Душанбе оғоз мекунад.

Бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон рӯзи панҷшанбеи 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор мешавад. Бозӣ соати 18:00 оғоз мешавад. Нархи вуруд ба варзишгоҳ 20 сомонӣ муқаррар шудааст. FIFA иҷозат додааст, ки то 10 000 мухлис ин бозиро аз наздик тамошо кунанд.

Довари асосии ин бозӣ довари FIFA аз Ироқ Алӣ Сабоҳ Ал-Қайси 44-сола хоҳад буд, ки аз соли 2009 довари байналмилалӣ мебошад. Дар хатҳо ба ӯ ҳамватанонаш — ёварони доварони FIFA Ҳайдар Абдулҳасан Алӣ Убайдӣ ва Амир Ҳусейн ёрӣ мерасонанд. Довари чорум низ ироқӣ Зайд Тамер Муҳаммад аси. Нозири доварон Аҳмад Яъқуб Ҷумъа аз АМА аст ва Ҳомид Муъминӣ аз Эрон комиссари бозӣ таъйин шудааст.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо дастаи мунтахаби Муғулистон:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»)

Муҳофизон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Узбекистон), Фарҳод Восиев («Тамбов», Русия), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Искандар Ҷалилов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев (ҳама аз «Истиқлол»)

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (Локомотив, Булғористон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳама аз «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмуъмин Забиров (Хуҷанд).

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Ҷаҳонгир Эргашев («Қизилқум», Узбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз «Истиқлол»)

Сармураббӣ: Усмон Тошев (Узбекистон).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here