Дар бозори «Фаровон»-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолияти густурдаи нуқтаҳои фурӯш ба роҳ монда шудааст. Аз чанд тан фурӯшандаҳои бозор аз дар кадом сатҳ қарор доштани савдои ҳаррӯзаашон пурсон шудем.

— Савдо мисли пеш нест. Фурӯш ҳар рӯз ҳар хел аст. Рӯзе аст, ки тамомон савдо намешавад, лекин имсол нархи сабзавот аз соли гузашта арзонтар аст, — мегӯяд холаи сабзавотфурӯш.

— 7 хел мева мефурӯшам. Ба болояш ҳамагӣ 50 дирам мондаам. Аз ҳар хели онҳо 10-12 кило мехарам. Давоми рӯз аз борам боз мемонад. Ба набераҳяом мебарам. Савдо аз соли гузашта дида, суст аст. Дар ин қарантин одамон бепул мондаанд. Шукр мекунем, ки аз ин бадтар нашавад, — оҳ кашид холаи мевафурӯш.

— Пештар аз 100 кило зиёд помидор фурӯшем, ҳозир базӯр ним тағора мефурӯшем. Ҳисоб кардам, дар як рӯз 20-25 кило помидор фурӯхтаам. Нарх бошад арзон аст, харидор кам, —  шикваомез афзуд холаи помидорфурӯш.

— Дар як рӯз 30-35 тарбуз мефурӯхтам. Акнун 10-15 тарбуз ба фурӯш меравад. Деҳқон қиматтар мефурӯшад, мо ба болояш 1 сомонӣ монда мефурӯшем. Ҳозир барои гарон буданаш камхаридор аст, — гуфт тарбузфурӯш.

— Сирпиёз ҳам талаботаш кам шудааст. Дар як рӯз 10-12 кило базӯр мефурӯшем, — гуфт сирпиёзфурӯш.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here