Дар шаш моҳи соли равон тавассути фурудгоҳхои байналмилалии Тоҷикистон (Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар) ба 1 миллиону 71 ҳазору 400 нафар мусофир хизматрасонӣ карда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 145,6 ҳазор мусофир зиёд аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиикстон Икром Субҳонзода хабар дод.

Икром Субҳонзода гуфт, ки дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби ширкати ватании «Сомон Эйр» 354 ҳазору 700 нафар мусофир интиқол дода шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 117 ҳазору 300 мусофир зиёд аст.

Дар ин давра ҶСК «Тоҷик Эйр» бинобар вазъи душвори молиявӣ аз моҳи январи соли 2019 парвозҳои худро амалӣ накарда, бо ин сабаб натиҷаи молиявии худро бо зарар ба миқдори 17,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ҶСК «Тоҷик Эйр» барои интиқоли зоирин дар мавсими «Ҳаҷ-2019» омодагии пурра дида, аллакай соати 3:00-и субҳи 26-уми июли соли равон 270 зоиринро тавассути ҳавопаймои “Boeing” 767-300-и ширкат аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ интиқол додааст.

Директори генералии «Тоҷик Эйр» Дилшод Исматуллозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҳоло ширкат 6 адад ҳавопаймою чархбол дошта, дар айни замон сетои он коршоям (ҳавопаймоҳои “Boeing” 767-300, Ан-28 ва чархболи Ми-8 МТВ), 2 адад ҳавопаймои “Boeing” 737-300, “Boeing” 757-200 дар хизматрасонии техникӣ ва ҳавопаймои “Boeing” 737-500 дар ҳолати нигаҳдорӣ қарор дорад.

Мавсуф ҳамчунин иброз дошт, ки фаъолияти муқаррарии ҶСК «Тоҷик Эйр» дар ояндаи наздик дар дигар хатсайрҳо низ амалӣ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки парвозҳо аз ҷониби ҶДММ “Сомон Эйр” бо ҳавопаймоҳои “Boeing” 737-300, “Boeing” 737-800 ва “Boeing” 737-900 анҷом дода мешавад. Ширкати “Сомон Эйр” дар маҷмуъ 6 ҳавопаймо дорад.

Дар шаш моҳи соли равон тавассути фурудгоҳҳои кишвар 15 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои хориҷи дур, 9 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои ИДМ ва 1 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ интиқоли мусофиронро анҷом додаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here