Роҳбарияти Фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Душанбе мегӯянд, нафаре, ки дар майдони назди фурудгоҳ аз нақлиёти воридшуда маблағ мегирад, бо онҳо ягон рабт надорад. Ин нафар соҳибкор будааст ва майдони назди фурудгоҳро ба иҷора гирифтааст.
Муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Аслиддин Меликов имрӯз, 15-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, то ба сари кор омадани роҳбарияти нави фурудгоҳ дар соли 2016 вазъи таваққуфгоҳ хуб набуд.
— Баъд аз таъмиру тармими таваққуфгоҳ то чанд муддат воридшавӣ ройгон буд. Роҳбари Фурудгоҳ ҳам гуфт, майдони таваққуфгоҳ бояд ба монанди дигар фурудгоҳҳои байналмилалӣ ба талабот ҷавобгӯ бошад ва таксиҳо мусофирро то дари даромад баранд. Ҳамин хел тасмим ҳам гирифта шуд, ки то 20 дақиқа барои нақлиёт воридшавӣ ройгон сурат хоҳад гирифт, аммо дар ин байн Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳрванд шартнома ба тасвиб расонида, таваққуфгоҳро ба иҷора додааст. Баъди пешниҳоди шартнома таваққуфгоҳ дигар дар ихтиёри мо нест, — гуфт Меликов.
Ин дар ҳолест, ки ронандагони таксӣ ва нақлиёти шахсӣ аз 2 сомонӣ ситонидани маблағ барои воридшавӣ ба таваққуфгоҳи назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе шикоят доранд. Онҳо мегӯянд, ки нархи таваққуфгоҳҳо дар Душанбе 2-3 сомонӣ барои 24 соат аст, аммо дар Фурудгоҳ барои 1 дақиқа ҳам 2 сомонӣ меситонанд.