Варзишгоҳи «Ванда Метрополитано» дар Испания, ки майдони бозиҳои хонагии кулби футболи «Атлетико» (Мадрид) аст, дар мавсими нав финали Лигаи чемпионҳои Аврупоро қабул хоҳад кард.

Маркази матбуоти UEFA хабар дод, ки дар мавсими 2018\19 финали Лигаи чемпионҳои Аврупо оид ба футбол дар ин варзишгоҳ, ки «Атлетко» аввалин бозиашро дар он 16-уми сентябр гузаронд, баргузор хоҳад шуд. Ин варзишгоҳ барои 68 000 тамошогар ҷой дорад.

Финали Лигаи Аврупо оид ба футбол дар мависми 2018\19 дар варзишгоҳи «Олимпӣ» дар Боку гузаронида мешавад. Пеш аз ин пойтахти Озарбойҷон чунин мусобиқаи бонуфузро қабул накарда буд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here