Филми “Шитоб”-и Муассисаи давлатии телевизиони “Синамо”, ки муаллиф ва коргардонаш Муҳиддин Сулаймонӣ мебошад, имсол дар бахши филмҳои кӯтоҳи 72-юмин ҷашнвораи байналмилалии Кан роҳ ёфтааст.

Муҳиддин Сулаймонӣ дар суҳбат бо «Фараж» гуфт, «Шитоб»-ро аз миёни чанд филми дигараш ҳамчун филми профессионалӣ эътироф кардааст.

— «Шитоб»-ро аз он сабаб ҳамчун филми профессионалӣ эътироф мекунам, ки он пас аз хатми мактаби синамогарони ҷавони киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» рӯи навор омад ва ҳама он камбудию норасоиҳое, ки дар филмҳои қаблиям буд, ислоҳ шуд. Ин мактаб воқеан дар тарбияи синамогарони ҷавон саҳми бузург дорад. Мақсад аз таҳияи филми «Шитоб» бозӣ кардан бо зеҳни тамошобин аст. Он гиреҳ андар гиреҳ аст. Яъне тамошобин як гиреҳро кушода, камтар роҳат мешавад, ки боз гиреҳи дигар пешниҳод мегардад, — мегӯяд Сулаймонӣ.

Ба гуфтаи ин коргардони ҷавон, филми мазкур 13 дақиқа аст ва моҳи октябри соли 2018, давоми панҷ рӯз, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба навор гирифта шуда, дар 15 рӯз танзим шудааст.

Гуфтан ба маврид аст, ки «Шитоб»-и Муҳиддин Сулаймонӣ нахустин филми ватанист, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар чунин ҷашнвораи бонуфузи хориҷӣ ширкат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур аз соли 1946 дар шаҳри Кани Фаронса таъсис ёфтааст ва аз фестивалҳои машҳури ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Фестивал имсол аз 14 то 25-уми май ба нақша гирифта шудааст ва дар он  ҳунармандони зиёди шинохтаи ҷаҳон иширок хоҳанд кард.

Ҷоизаи махсуси фестивал “Нахли тиллоӣ” аст ва он ба ҳар нафаре, ки воқеан кори ҳунарӣ ва ё эҷодиаш арзандааст, муяссар хоҳад шуд.

Ширкаткунандагон, ҳамчунин, метавонанд, ҷоизаҳои дигар низ чун Гран При, беҳтарин кори коргардонӣ, беҳтарин сенария, беҳтарин нақши мардона, беҳтарин нақши занона ва дурбини тиллоиро сазовор гарданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here