Созмони байналмилалии футбол (FIFA) номи се талабгори унвони беҳтарини футболбози солро нашр кард, ки инҳо ҳуҷумкунандаи аргентинагии «Барселона» (Испания) Лионел Мессӣ, форварди португалии «Ювентус» (Италия) Криштиану Роналду ва муҳифзатгари ҳолландии «Ливерпул» (Англия) Вирҷил ван Дейк ҳастанд. Беҳтарин 23-юми сентябр дар Милан маълум хоҳад шуд.

Чанде пеш Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) беҳтаринҳои Лигаи чемпионҳоро номбар кард, ки дар миёни онҳо Мессӣ ва ван Дейк буданд, аммо дуюмӣ аз беҳтарин бозигарони Аврупо дониста шуд. Ван Дейк бозигари клуби футболи «Ливерпул» аст, ки бо ин даста ҳарчанд дар Премйер-Лигаи Англия ҷойи аввалро ба даст наовард, аммо дар Лигаи чемпионҳои Аврупо пирӯз шуд. Ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҳолланд ба финали Лигаи миллатҳои Аврупо баромад, аммо аз Португалия мағлуб шуд (0:1).

Лионел Мессӣ дар ҳайати «Барселона» дар чемпионати Испания пирӯз шуд ва то ба нимфинали Лигаи чемпионҳо расид. Дар ин марҳила Мессӣ ва дастаашро маҳз ван Дейк ва ҳамдастаҳояш аз «Ливерпул» ноумед карданд. Мессӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина дар Ҷоми Амрико-2019 мавқеи сеюмро соҳиб шуд.

Криштиану Роналду дар ҳайати «Ювентус» дар чемпионати Италия аввал шуд, аммо дар Лигаи чемпионҳо то ба чорякфинал расиду халос. Дастоварди назарраси Роналду дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвараш ғолиби мусобиқаи нави Лигаи миллатҳои Аврупо шудан аст.

Дар эълони FIFA номи се зани беҳтарини футболбоз низ ҳаст, ки инҳо Люсӣ Бронз (Англия, «Лион»), Алекс Морган (ИМА, «Орландо) ва Меган Рапино (ИМА, «Рейн») ҳастанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here