Федератсияи футболи Тоҷикистон ниммуҳофизатгари клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе, капитани дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар (U-19) Эҳсони Панҷшанберо футболбози беҳтарин соли 2018 интихоб кард.

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар мавсими соли 2018 инҳо будаанд:

ЛИГАИ НАВРАСОН (U-15)

Беҳтарин бозингар – Кароматулло Боронов («Хатлон», Бохтар);

Беҳтарин нишонзан – Муҳаммадворис Сайдалиев («Соро компания»);

Беҳтарин мураббӣ – Исмоил Саидов («Соро компания»);

ЛИГАИ НАВРАСОН (U-17)

Беҳтарин бозингар – Нушервон Ҳомидов («Истиқлол»);

Беҳтарин нишонзан – Сунатулло Азизов («Хатлон», Бохтар);

Беҳтарин мураббӣ – Юсуф Рабиев («Истиқлол»);

ЛИГАИ НАВРАСОН (U-18)

Беҳтарин бозингар – Алинур Ниёзбеков («Орзу-2026» Академияи футболи ФФТ);

Беҳтарин нишонзан – Абдуллоҷони Қурбоналӣ («Истиқлол»);

Беҳтарин мураббӣ – Ҳикмат Фузайлов («Орзу-2026» Академияи футболи ФФТ);

ЛИГАИ БОНУВОН

Беҳтарин дарвозабон – Сайёра Саидова («Зебонисо»);

Беҳтарин нишонзан – Лайло Ҳалимова («Хатлон», Бохтар);

Беҳтарин мураббӣ – Нодира Мирзоева («Регар-ТадАЗ»);

БЕҲТАРИНҲОИ СОБИҚАДОРОН

Беҳтарин нишонзан – Сайҳомид Амиршоев («Кӯлоб», Душанбе);

Беҳтарин мураббӣ – Сайдалӣ Абдуллоев («Ромис-Испечак»);

Беҳтарин бозингар – Мансур Ҳакимов («Хуҷанд»);

ЛИГАИ КАСБИИ ФУТБОЛИ ТОЛОРӢ

Беҳтарин нишонзан – Баҳодур Хоҷаев («Садовая»), 72 гол;

Беҳтарин мураббӣ – Пайрав Воҳидов («Соро компания»);

Беҳтарин бозингар – Раҳмоналӣ Шарифов («Соро компания»);

ЛИГАИ АВВАЛ

Беҳтарин нишонзан – Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон»), 26 гол;

Беҳтарин мураббӣ – Шуҳрат Шамсиев («Истаравшан»);

Беҳтарин бозингар – Илҳом Баротов («Истаравшан»);

ҲАЙАТИ ҶАВОНОНИ ЛИГАИ ОЛӢ

Беҳтарин нишонзан – Тоҳир Малодӯстов («Барқчӣ»), 17 гол;

Беҳтарин мураббӣ – Уктам Сатторов («Регар-ТадАЗ»);

Беҳтарин бозингар – Сунатулло Исмоилов («Хатлон», Бохтар);

ЛИГАИ ОЛӢ

Беҳтарин дарвозабон – Никола Стошич («Истиқлол»);

Беҳтарин ҳимоятгар – Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»);

Беҳтарин нимҳимоятгар – Кароматулло Саидов («Хатлон»);

Беҳтарин ҳамлагар – Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»);

Беҳтарин нишонзан – Шериддин Бобоев («Истиқлол»), 12 гол;

Беҳтарин довар – Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе);

Беҳтарин мураббӣ – Алиҷон Турдиназаров («Куктош»);

Беҳтарин бозингари сол – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here