Нимаи моҳи феврал гузашт, ки дар ин ҳангом вазъи ҳаво ҳар рӯз тағйир меёбад. Саҳар офтобиву бегоҳ абрнок, эҳтимоли  борону вазиши  шамол ҳар дам эҳсос мешавад. Дар ин асно, новобаста ба он ки то мавсими шукуфтан ҳанӯз фурсат ҳаст, баъзе ғунчаҳои дарахтон во шудаанд, гулҳои баҳорӣ шукуфтаанд.  

— Дар айни тағйироти мавсимӣ дамои ҳаво аз 8-10 дараҷа боло шавад, табиист, ки муғчаҳо пайдо мешаванд, — гуфт мудири кафедраи ботаникаи ДМТ  н.и.б. дотсент Раҳматуллло Сатторов. – Ҳарчанд зимистон аст, бо сабаби баланд шудани дамои ҳаво онҳо аз ҳолати оромӣ ба инкишоф мегузаранд.

— Аз  солҳои 70-80-уми асри гузашта сар карда, ивазшавии давраҳои шукуфтани гул ба назар расидааст, ки яке аз сабабҳои асосии он таъсири антропогенӣ ҳисоб меёбад. Якбора хунук шудани ҳаво ба инкишофи ҷанини тухм зарар мерасонад, ки ин ба раванди ҳосилдиҳӣ низ бетаъсир намемонад,- илова  кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here