Дар шаҳри Қӯқанд, ки аз 11 то 15-уми сентябр масъулияти мизбонии фестивали байналмилалии ҳунармандиро бар ӯҳда дорад, теъдоди меҳмонон беш аз пеш меафзояд.

Шумораи умумии иштирокчиёни  фестивал ба 1120 нафар расидааст. Аз ин шумор бо теъдоди 200 нафарро намояндагони беш аз сад мамлакати дунё ташкил мекунанд. Фестивали мазкурро тақрибан 400 нафар мухбири расонаҳои дохилии Ӯзбекистон ва  расонаҳои гуногуни хориҷӣ инъикос менамоянд, ки дафтари матбуоти фестивал сабти ном кардааст.

Дар доираи ин фестивал маросими мӯди “Kokand fashion” ифтитоҳ гардид. Дар он маҷмӯаи либосҳои дизайнерҳо ва ҳунармандони дохиливу хориҷӣ намоиш дода шуд. Баъд раҳпаймоиҳои оммавӣ оғоз ёфт. Ин роҳпаймоиҳо дар хиёбони назди ӯрдаи шаҳри Қӯқанд баргузор гардид, ки маросимҳои асосии фестивал он ҷо мегузаранд. Дар роҳпаймоиҳо ҳазорҳо сокини шаҳри Қӯқанд ва меҳмонони он иштирок карданд.

Дар конфаронси илмию амалӣ, ки дар мавзӯи “Истиқболи рушди ҳунармандӣ ва санъати амалӣ” барпо гашт, 40 нафар олимон аз мамолики хориҷӣ иштирок карданд. Гуфта шуд, ки фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд ба таври гармоникӣ анъанаҳо, ҳунар ва санъати Шарқ ва Ғарб, навовариҳо ва таҷрибаи касбиро дар худ комилан муҷассам менамояд.

Дар майдони ӯрдаи Худоёрхон аҳли ҳунари вилоятҳои Ӯзбекистон ва соири ҳунармандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсулоти худро ба намоиш гузоштаанд. Рӯзмарра санъаткорони номии ин кишвар, дастаҳои ҳунарӣ ва мардумӣ-фолклорӣ ба тамошобинон барномаҳои консертии худро намоиш медиҳанд. Дорбозон, аксиячиён ва ҳунармандони театрҳои лухтак низ дар хизмати мардум камари ҳиммат бастаанд. Сайругаштҳои мардумӣ беш аз пеш доман фарох карда, теъдоди тамошобинон аз ҳар тараф лаҳза ба лаҳза рӯ ба афзоиш овардааст.

— Аз тамошои маҳсулоти ҳунармандон кас ба шавқу завқ меояд. Дарвоқеъ, мизони ҳунармандӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хеле боло рафтааст, зеро ҳунармандони ӯзбеку тоҷик, қирғизу қазоқ ва туркман аз гилу чӯб, мису фулузоти дигар маҳсулоти гуногуну ҷаззоб сохтаанд, ки чашми касро мерабояд, — гуфт ба мухбири “Фараж” меҳмон аз Олмон Сабина Столзенберг бо ҳаяҷони хос.

Вай афзуд, ки бори аввал дар чунин фестивали байналмилалии ҳунармандӣ ширкат мекунад ва  аз он хушҳол аст, ки ба ин фестивал ӯро ба ҳайси коршинос даъват кардаанд.

Фестивали байналмилалии ҳунармандии Қӯқанд бо ҷӯшу хурӯш идома дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири махсуси “Фараж”, шаҳри Қӯқанд, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here