Мухбири “Фараж” бо вазири фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар шаҳри Қӯқанди Ӯзбекистон баъди анҷоми фестивали байналмилалии ҳунармандӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки муҳтавои он пешкаши шумо мегардад.

— Ҷаноби вазир, таассуроти шумо аз маросими фестивал чӣ гуна аст?

— Фестивал як иқдоми хеле неки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аст, ки тамоми ҳунармандони ҷаҳонро ба ҳам овард. Ростӣ, аз ин фестивал хеле таассуроти хотирмон гирифтам. Баргузории ин фестивал нишон медиҳад, ки таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ӯзбекистон таҳти сарварии ҷаноби Мирзиёев барои рушду ривоҷи ҳунармандӣ ва фарҳанг хеле густарда аст. Ин барои равнақи минбаъдаи ҳунармандӣ ҳаматарафа мусоидат мекунад.

— Яъне аз ширкати худ дар ин чорабинии муҳими фарҳангӣ сарфарозед?

— Бе чуну чаро. Ҷаноби Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ дар маросими кушоиши фестивал ҳамаи мо, вазирони фарҳанги ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро хоса хайрамақдам гуфтанд. Ин аз чӣ далолат медиҳад? Робитаҳои мо дар соҳаҳои гуногун бо Ӯзбекистон беш аз пеш тавсеа меёбанд, рушд мекунанд. Имрӯз Ӯзбекистон ба шоҳроҳи баргузории чунин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ қадам гузоштааст, ки қобили дастгирист. Ин фестивали ҳунармандӣ мақоми байналмилалиро касб намуд ва банда онро аз шумори ҳамин гуна чорабиниҳои фарҳангӣ арзёбӣ мекунам.

— Дар ин ҷо ҳунармандони зиёди тоҷик низ ширкат карданд ва маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

— Бале. Мисли ҳунармандони кишварҳои хориҷӣ, ки ба теъдоди зиёд ин ҷо омаданд, дар фестивали байналмилалии ҳунармандӣ ширкат карданд,  намояндагони аҳли ҳунари мо низ бо дастовезҳои ҷолиб ба Қӯқанд омаданд. Ҷойи таъкид аст, ки бештар аз сӣ нафар ҳунарманди аз кишвари мо маҳсули ҳунарҳои миллиро дар растаҳои фестивал ба намоиш гузоштанд.

— Оё баргузории чунин чорабиниҳоро дар Тоҷикистон низ барномарезӣ кардан имконпазир аст?

— Мо чорабиниҳои зиёди байналмилалӣ баргузор кардаем. Яке аз чунин чорабиниҳои байналмилалӣ баргузории “Рӯзи китоб” дар кишвари мо мебошад, ки бо ширкати намояндагони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид. Дар ин рӯзҳо мулоқоти вазирони фарҳанги кишварҳои узви ИДМ баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои ҳамкориҳои фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Чунин ҳамоишҳо дар мустаҳкам шудани робитаҳои дӯстии байни кишварҳо ва  равнақу ривоҷи маърифату ҳунар ва санъати миёни онҳо нақши муассир хоҳа бозид.

Ташаккур, ҷаноби вазир.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори махсуси “Фараж”, шаҳри Қӯқанд, Ӯзбекистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here