Дар Боғи фарҳангу фароғатии Фирдавсии шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Фестивали “Оши палав” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 нафар ошпази беҳтарин аз гӯшаву канори мамлакат ҷамъ омада, маҳорати таббоҳии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони пойтахт намуданд.
Як ошпаз аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат бо мо чунин гуфт: “Имрӯз мо ду намуд ошро пешкаши сокинон кардем. Як намуди оши мо бо биринҷи маҳаллӣ буда, дигар намудаш бо биринҷи афғонӣ тайёр карда шудааст. Дар фестивал ҳамагӣ то 8 тонна ош тайёр кардем, ки он 400 дегро ташкил дода, 200 дег аз шаҳри Душанбе ва 200 деги дигараш аз ноҳияҳо мебошад. Ман худ 40 кг оши палавро имрӯз тайёр намудам. Ҳоло ош тайёр аст ва ман омода ҳастам, ки онро пешкаши шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт кунам”.
Ҳамчунин, дар доираи баргузории фестивали мазкур баҳри хушҳолии иштирокдорон барномаи консертӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Мақсад аз баргузории Фестивал муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии халқи тоҷик дар доираи таҷлили “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” буд.
Ошпази тарабхонаи “Роҳат” Холов Афзалшоҳ барои сокинон ва меҳмонони пойтахт палави тоҷикиро омода намудааст.
Ошпаз аз ноҳияиСино, ки худро Маҳмадулло муаррифӣ намуд, зикр кард, ки 17 кг ошро аз равғани пахтаву зағер омода кардааст. “Ман қариб 27 сол мешавад, ки ошпазӣ мекунам. Имрӯз якҷоя бо раиси ноҳия ба ҳамаи шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт оши палав пешкаш кардем”.
Ошпази бозори Меҳргон Ҳабибулло Юлдошов қайд кард, ки барои пухтани оши палав мувофиқи табъ ва хоҳиш ба он нахӯд, зира, заъфарон, сирпиёз, биҳӣ, мурч, зелол, лиму ва дигар давоҳои хуштамъкунанда илова карда мешаванд. “Ин фестивал имконият медиҳад, ки мо ошпазон маҳорату истеъдоди худро ба сокинону меҳмонон нишон диҳем. Ман низ бо чунин мақсад дар ин фестивал иштирок карам”, — гуфт ӯ.
Баргузории Фестивали «Оши палав» дар густариши фарҳанги миллӣ, аз ҷумла фарҳанги ғизопазӣ мусоидат мекунад.
Нигора Саидбекова
Фарзона Камолова