Шоми 4-уми декабри соли 2019 дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Сатторов бахшида ба Рӯзи миллии Руминия Фестивали мусиқии Руминия баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ Ансамбли мусиқӣ ва рақси анъанавии руминиягии Донишгоҳи Трансилванияи Брашов тамошобинони тоҷикро бо рақс ва мусиқии классикӣ ва миллию муосири мардуми Руминия шинос мегардонанд.

Дар давоми ҳафтаи ҷорӣ рӯзҳои 6-7 декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузории Фестивали филмҳои руминиягӣ низ дар назар аст.

Ҳаводорони санъати синамо тӯли ин рӯзҳо метавонанд, ки аз беҳтарин намунаҳои осори коргардонҳои руминиягӣ баҳра бардоранд.

Намоиши филмҳо рӯзи 6 декабр соати 14:00 ва 18:00, рӯзи 7 декабр соати 11:00 ва 18:00 дар толори синамои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба нақша гирифта шудааст.

Тамошои филмҳо дар доираи фестивал ройгон мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here