Имрӯз Фестивали аввалини намоиши филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе, ки бо ташаббуси сафорати Фаронса баргузор мегардад, оғоз хоҳад шуд.

Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуедар имрӯз дар суҳбат бо хабарнигорони расонаҳои кишвар гуфт, фестивали мазкур аз 19-ум то 23-юми ноябр дар кинотеатри «Ватан» идома ёфта, дар он 7 филм, аз ҷумла 3 кутоҳмуддат ва 4 дарозмуддат барои ҳаводорон ва сокинони шаҳри Душанбе намоиш дода хоҳад шуд.

— Фестивали намоиши филмҳои фаронсавӣ имрӯз, 19-уми ноябр аз соати 17:30 дар кинотеатри «Ватан» оғоз мегардад ва дар давоми 5 рӯз, ҳар бегоҳ, дар ҳамин вақт барои мухлисон як филм намоиш дода хоҳад шуд. Ин бегоҳ 3 филми кутоҳмуддат барои намоиш ба нақша гирифта шудааст. Аввалинаш «Сафар ба моҳ» ном дорад. Он яке аз филмҳоест, ки миёни ҳаводорони кино маҳбубияти хос касб кардааст. Филми дуввум «Номаҳои бонувон» (2013) унвон шуда, он дар бораи харобкориҳои ҷанги бузурги ҷаҳонии солҳои 1914-1918 нақл мекунад, ки чанде қабл садсолагии анҷоми он дар Париж қайд карда шуд. Ҳамин тавр, намоиш ин бегоҳ бо филми тасвирии «Палангҳо рӯи як ришта» (2014) анҷом меёбад, — гуфт хонум сафир.

Дар рӯзҳои минбаъдаи фестивал мухлисон филми мазҳакавии «Кэ д, Орсэ»-ро, ки соли 2013 аз ҷониби коргардони машҳур Бертран Таверне бардошта шудааст, ҳамчунин, филми класикии «Нафаре аз Рио» (Филлип де Брока, 1963), филми фантастикии «Бел ва Себастян»(Николас Ване, 2012) ва филми мазҳакавӣ- драмавии «Хотираҳо» (Жан Поль Рув, 2014)-ро тамошо хоҳанд кард.

Масъулони ин фестивал мегӯянд, филмҳо бо забони фаронсавӣ намоиш дода мешаванд вале дар субтитр тарҷумааш бо забони рӯсӣ аст. Сабаби бо русӣ дар субтитр тарҷума шудани филмҳоро масъулин дар набудани вақти бештари тарҷума бо забони тоҷикӣ унвон мекунанд.

Бино ба гуфтаи сафири Фаронса хонус Ясмин Гуедар, дар оянда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, то филмҳои фаронсавӣ бо забони тоҷикӣ тарҷума ва пешкаши тамошобинони тоҷик гардонда шаванд. Ҳамчун, мавсуф қавл дод, ҳамкориҳо миёни коргардонҳо ва актёрҳои тоҷику фаронсавиро тақвият бахшад.

Дар хотимаи суҳбат сафири Фаронса Ясмин Гуедар ба масъулини «Тоҷикфилм», кинотеатри «Ватан» ва маркази фарҳангии «Бактрия» дар Душанбе барои кумаки беғаразона барои ташкили фестивали мазкур изҳори сипос намуд.

Ёдовар мешавем, вуруд ба кинотеатри «Ватан» барои тамошои филмҳо ройгон аст.

Масъулини сафорат аз тамоми сокинон шаҳри Душанбе даъват менамоянд, то дар ин фестивал ширкат варзанд ва аз тамошои филмҳо лаззат баранд.   

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here