Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва занону духтарони фаъоли шаҳр Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд-2017» баргузор шуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти раиси шаҳри Хҷуанд Маъмур Юсуфов хабар дод.

Вай гуфт, ки ин фестивал бо мақсади эҳё, тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзғордории халқи тоҷик, рушди соҳаи саноати сабук, тарғиби сарулибос аз матои табиӣ аз ҷиҳати экологӣ безарар бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ, меҳнати хонагии занону духтарон, беҳгардонии вазъи иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ, таъсиси ҷойи корӣ барои занону духтарон ва ба касбомӯзию шуғли доимӣ фаро гирифта шудани онҳо ба роҳ монда шуда буд. Фестивал аз рӯйи номиннатсияҳои либосҳои “Миллии қадима”, “Кӯдакона”, “Расмӣ”, Идона” ва “Арӯсию домодӣ” баргузор ва ҳайати ҳакамот бо назардошти зебоӣ, дизайни либос, нотакрорӣ, ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш, обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ, қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ, пардоз ва ғайра онро баҳогузорӣ карданд.

Сипас, аз тарафи муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеъюм аз рӯйи номинннатсияҳои зикршуда муайян ва ба эшон тӯҳфаҳо супорида шуд. Шоҳҷоиза насиби иштирокчии рақами 113 гардидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here