Фардо, 7-уми март, дар майдони маркази савдои «Ёвар» дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд — лаззатбахши хони мо» баргузор мегардад. Дар ин бора ба faraj.tj аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, Фестивал-озмун аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар, ба истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ ихтисос дода шудааст, гузаронида мешавад. Замони баргузории фестивал соати 9:00 муқаррар гардидааст.

Гуфта мешавад дар фестивал анвои гуногуни нонӣ, аз қабили кулчаҳои хурду калон, кулчақандҳо, қалама, фатир, таҳмол, орзуқ, ҳалвои сурху сафед, суманак ва ғайраҳо бо риояи тарзи омода намудани онҳо ба маъраз гузошта мешавад.

Ба иддаои масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ин чорабинӣ ба хотири дастгирии соли рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сайёҳони хориҷи ба кишвар баргузор карда мешавад.

Мунираи Амирхон

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here