Субҳи имрӯз муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев барои иштирок дар кори Конфронси 14-уми иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш парвоз кард.

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов даъвати мазкур аз ҷониби раиси  палатаи намояндагон Ҳабиб Ал Мелкӣ ва раиси палатаи шӯроҳои Шоҳигарии Марокаш Абделҳаким Бенчамач ва  Дабири кули иттиҳодияи парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ сурат гирифта, то 14-марти соли ҷорӣ идома меёбад.

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо Акрамшо Фелалиев худи ҳмин рӯз дар кори нишасти 41-уми кумитаи иҷроияи ин иттиҳод, нуҳумин нишасти кумитаи мазкур оид ба масъалаҳои Фаластин ва ҷаласаи дуюми иттиҳоди котибони кули давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш иштирок мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here