Кумитаи андози Тоҷикистон аз қайди ном шудани чанд ширкати байналмилалӣ ҳамчун андозсупоранда хабар дод, ки дар ин байн ширкати мутаалиқ ба шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳам ҳаст.

Бино бар иттилои сомонаи расмии ин ниҳод 2-юми март “ширкати Фейсбук худро дар Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сомонаи расмии www.andoz.tj ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ анҷом дода мешавад, ба қайд гирифт”.

Ширкати “Фейсбук” то ба ҳол хабари мазкурро тасдиқ  ё рад накардааст, вале дар сурати сабти ном шудан “Фейсбук” аз ин ба пас муваззаф мешавад, то 18 фисади даромад, андоз аз арзиши иловашуда аз истифодабарандагони Тоҷикистонро ба Кумитаи андози Тоҷикистон супорад. Ҳамзаман ширкатҳои Ireland Ltd, Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc, бар асоси иттилои дафтари матбуотии кумита ҳамчун андозсупоранда дар кишвар сабти ном гардиданд ва ин ниҳод изҳор медорад, ки дар ҳолати зарурӣ ҷомеаи соҳибкоронро бо маълумоти лозима таъмин мекунад.

Тибқи иттилои Кумита, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 декабри соли 2020, № 1744, шахсони хориҷӣ хизматрасониҳои электронӣ мустақиман ба шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар асоси пешниҳоди ариза дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шаванд.

М. Наҷибӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here