— Шаш нафар дар озмоиши воксин алайҳи коронавирус, ки он аз ҷониби ширкати бузурги дорусозии Амрико — Pfizer ва ширкати олмонӣ — BioNTech истеҳсол карда шудааст, фавтидаанд, — навишта шудааст дар ҳисоботи Маъмурияти озуқаворӣ ва дорувории ИМА.

Чор нафари фавтидагон таскиндиҳандаро истифода бурдааанд, ду нафари дигар бошанд, худи воксинро. Яке аз беморон аз фарбеҳӣ ва атеросклероз ранҷ мекашидааст, ки баъди се рӯз пас аз истифодаи ҳаби якуми дору фавтидааст. Нафари дуюм, ки ихтиёрӣ хоҳиш доштааст ба ӯ дору гузаронанд, пас аз 60 рӯз, ҳангоми гирифтани ҳаби дуюм, аз дунё чашм пӯшидааст.

Ду нафаре, ки таскиндиҳандаро гирифтаанд, аз сактаи дил фавтидаанд. Сабаби фавти ду нафари дигарро муайян мекунанд.

Аз миёни шаш нафар фавтида се нафарашон аз 55-сола боло будаанд.

Бемороне, ки дар ин озмоиш иштирок кардаанд, қариб 38 ҳазор нафар ва ҳамаашон аз 16-соло боло будаанд.

Бояд гуфт, ки пештар FDA самаранокии воксинро қабул кард. Дар ҳуҷҷатҳо гуфта шуда буд, ки дору сатҳи кофии бехатариро нишон додааст ва барои истифодаи он монеае вуҷуд надорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here