Ҷавони 19-сола Азизмуродов Руслан ҳангоми шиноварӣ тасодуффан дар ҳавзе, ки чуқуриаш 3-4 метрро ташкил медод, ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса баъд аз зуҳри 24-уми июни соли равон дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст, ки аз он ҳамсояҳо хабар додаанд.
“Руслан курси 1-уми Донишгоҳи давлатии Хуҷандро имсол тамом кард ва омодаи рафтан ба деҳа буд, ки дар оби ҳавз ғарқ шуд. Руслани ғурамаргро имрӯз дар ноҳияи Айнӣ ба хок супурдем”, — гуфт яке аз пайвандони Руслан, ки худро Ҳамрозода Мирмуҳаммад муаррифӣ кард.
Бино ба нақли манбаъ, падари марҳум ҳамон рӯз ба назди писараш аз деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ раҳсипор мешавад ва дар роҳ ба Руслан занг зада огоҳ мекунад, ки наздаш меояд.
Руслан дар Хуҷанд дар хонаи хоҳараш буд. Вай гӯшту озуқаро ба хоҳараш дода гуфтааст, ки “ош омода кун, падар меоянд” ва худаш ба лаби ҳамон ҳавз рафта либосҳоро ба дарахт овехта, дохили об мешавад ва онҷо ғарқ мешавад. Дар ҳамин вақт падараш боз дубора ба Руслан занг мезанад, ки ҳамсояҳо ин хабари шумро ба ӯ мерасонанд. Модараш чанд сол пеш аз ин вафот карда будааст ва танҳо умеди Руслан падараш будааст.
Манбаъ меафзояд, ки Руслан дар ихтисоси таърих дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард ва яке аз донишҷӯёни фаъол буду бо баҳои 5 мехонд, саводи хеле хуб дошт.