Тибқи натиҷаҳои соли гузашта Вазорати маориф ва илми кишвар фасодзадатарин ниҳоди давлатии Тоҷикистан дониста шудааст.

Ин нукта дар нишасти хабарии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусия ибороз гардид. Дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2017 аз ҷониби Агентии мазкур ошкор гардид, ки кормандони Вазорати маориф ва илми кишвар ба 70 ҳолати коррупсионӣ даст задаанд.    

Муовини аввали роҳбари Агентӣ Абдукарим Зарифзода дар ин бора чунин гуфт: «Ба маълумоти омории мо танҳо 70 далеле, ки аз ҷониби намояндагони Вазорати маориф дар самти изофанависӣ дар корҳои сохтмон, додани ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ дар бораи маълумот ва тақаллубкориҳо дар ҳуҷҷатҳо содир шудааст, дохил шуд».

Ҳамзамон қайд гардид, ки дар соҳаи маорифу илм далелҳое ба монанди ба омӯзгорон додани пора ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, кормандони Агантӣ соли гузашта дар Вазорати тандурустӣ — 60, ВКД — 57, КДАМ — 26 ва дар бахши бонкӣ — 390 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here