Иқдоми нави масъулини маҷмаҳои фароғатии шаҳри Душанбе нимкатҳоро “селофанпӯш” кардан буд, ки ин тасмим барои аз борону барф эмин нигоҳ доштани онҳо равона гардидааст. Аксуламали шаҳрвандон нишон дод, ки ҳатто иқдоми “селофанпӯш”-кунии нимкатҳо пеши роҳи вайронкориро гирифтан наметавонад.
Холаи Сафармо Одинаева ҳар саҳар бо латтаи намноки “ҷип” харакҳои “Кӯли ҷавонон”-ро тоза мекунад, ӯ бошитоб кор мекунад, чунки тозакунии ҳамаи нимкатҳо бар дӯши танҳо худаш аст.
– Ҳар рӯз нимкатҳоро тоза мекунем, баъди чанд вақт пур аз пӯчоқи “семичка” коштагӣ барин, сигорҳояшон рӯйи нимкату замин, намешавад, аққалан, дар ҷойи фарҳангӣ аз ҳамин одатҳояшон даст кашанд, — шиква кард фаррошзан, — “Меҳнати мо — модаронро қадр кунед” — гӯем, баъзеашон “эҳ”- гуфта мераванд. Наход одам пойяшро дар ҷойи нишаст монад, ё аробаашро болои харак гузорад, айб гуфтани гапро намедонанд.
Холаи Сафармо мегӯяд, ки пештар ҳар саҳар аз рӯйи селофани нимкатҳо чангу намиро пок мекарданд, аммо аз дасти бачаҳо ин рӯйпӯш ҳам намонд, канда партофтанд, ҳатто дар бархе дастаи нимкатҳо ҳар гуна навиштаҷотро ҳаккокӣ кардаанд, ки намои онҳоро коста кардааст.