10-уми ноябр дар Кинотеатри “Зебуниссо”-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми “Фариштаи умед”-и коргардон Раҳматулло Шоев баргузор гардид.

Филми мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” ба навор гирифта шуда, дар он ҳунармандони ҷавон Зафар Валӣ ва Мавлуда Ватанова нақшҳои асосиро иҷро кардаанд. Инчунин, ҳунармандони шинохтаи синамои тоҷик Убайдулло Раҷабов, Моҳпайкар Ёрова, Тоҷинисо Саидова, Зулхумори Иброҳим ва Назирмад Мусоев низ нақш офаридаанд.

Пеш аз оғози нахустнамоиш гурӯҳи навозандагон барои мухлисони кино бо оҳангу навозишҳои ҷаззоб дар саҳни кинотеатр фазои идонаро фароҳам оварданд. Пасон, бо даъвати ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов тамошобинон вориди толор шуданд. Дар хонаи кино директори “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён ҳозиринро хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки “Хатлонсинамо” бо вуҷуди навтаъсис буданаш, аллакай филмҳое офаридааст, ки аз тарафи тамошобинон хуш пазируфта шудаанд. Инчунин, ӯ иброз дошт, ки баҳри рушди синамо дар соли 2021 ҳам “Хатлонсинамо” ва ҳам “Суғдсинамо” маблағгузорӣ хоҳанд шуд. Сипас, иштирокчиён ва саҳмгузорони филми “Фариштаи умед” бо сипосномаҳои Муассисаи давлатии вилоятии “Хатлонсинамо” сарфароз гардонида шуданд.

Филми “Фариштаи умед” фарогири мавзуъҳои ишқу самимият, дӯстӣ, хиёнат буда, дар он инчунин ҳунарҳои мардумӣ, ҳисси ватандӯстиву инсонгароӣ ташвиқ карда шудаанд. “Фариштаи умед”, ки чаҳорумин филми “Хатлонсинамо” ба ҳисоб меравад, аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуд ва ҳозирин бо кафкӯбиҳо аз нақшофарони он истиқбол карданд. Дар охир қаҳрамони асосӣ  Зафар Валӣ ба ҳамаи устодони санъати кинои тоҷик, ки дар ин филм нақш офаридаанд изҳори миннатдорӣ кард ва иброз дошт, ки ин ҳоло яке аз корҳои аввалини “Хатлонсинамо” маҳсуб меёбад ва камбудиҳои ҷойдошта дар фаъолияти оянда бартараф хоҳанд шуд. Дар охир устод Убайдулло Раҷабов ба кори  ҳунармандони ҷавон баҳои баланд дода, бо шӯхиҳои намакини худ маҳфилро ҳусни анҷом бахшид.

Шодмон Кенҷаев,

дарсомӯзи мактаби МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here