Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ҳама маълумот дар мавриди минтақаи зилзилахез будани Тоҷикистон ва ғайриимкон будани сохтмони биноҳои аз 9-12-ошёна болоро «бардурӯғ» хонд.

Номбурда имрӯз, 11-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар ҳақиқат дар минтақаи фаъоли сейсмикӣ қарор доштани ҷумҳурӣ бебаҳс аст, аммо тибқи маълумоти 500-солаву 1000-сола, дар минтақа имкони рух додани заминларзаҳои болотар аз 7 дараҷа хеле кам аст.

— Илова бар ҳамаи ин, маълумоти дақиқи 90 соли охирро, ки дар шакли феҳрасти раҳнамо нашр шудааст, дар даст дорем. Ҳамчунин, маълумоти минбаъда ҳар моҳ, ҳар се моҳ, ҳар шаш моҳ ва ҳар сол ҷамъбаст карда мешаванд. Новобаста аз он, ки дар минтақаи сейсмикӣ қарор дорем, ин маълумот шаҳодат аз он медиҳанд, ки дар минтақаи мо имкони рух додани заминларзаҳои сахттар аз 7 дараҷа хеле кам аст. Тамоми сохтмонҳое, ки дар шаҳр сохта мешаванд, аз ташхиси Институти геология, сохтмони ба заминларза тобовар ва сейсмология мегузаранд. Ҳамаи онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдорро дар ин маврид доранд, — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.

Академик Собит Неъматуллоев, ки дар нишаст иштирок дошт, ҳама навиштаҳои расонаҳоро аз номи ӯ, ки гӯё дар Тоҷикистон сохтмони аз 12-ошёна боло имкон надорад, рад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here