Бино ба иттилои бахши матбуоти МИҲД-и шаҳри Кӯлоб, муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу аз хоҷагии деҳқонии Гултеппаи ҷамоати деҳоти Даҳана, ки роҳбараш Шеров Хайриддин мебошад, дидан кардааст.

Роҳбари хоҷагӣ қайд кардааст, ки дар 3 сотих гармхона картошка шинонида, аз он фоидаи зиёде ба даст меорад. Пеш аз ин хоҷагидор дар гармхона бодиринг парвариш карда, аз фурӯши он 7000 сомонӣ фоида ба даст оварда буд.

Инчунин, мавсуф ба замми ин бо фарзандонаш ба лимупарварӣ машғул ҳастанд. Ӯ дар ин маврид қайд кардааст, ки аз як дарахт зиёда аз 300 дона лиму ба даст меоранд ва дар оянда ният доранд замини гармхонаҳоро зиёд кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here