Ба ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона омадани сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Арипов ва дидору мулоқоти ӯ бо мардуми ин ноҳия аввалин натиҷаи худро ба бор хоҳад овард. Дар ин бора раиси ситоди “Кумак ба одамони дармонда”-и назди ҳокимияти вилояти Фарғона Фарҳод Ҷӯраев ба мухбири “Фараж” хабар дод.

— Ҳоло 671 нафар сокини деҳаҳои ноҳияи Сӯх, ки муддати дароз дармонда буданд, ба Сӯх бармегарданд. Ҳоло 14 автобус, 50 мошини сабукрав дар ихтиёри мо гузошта шудаанд, — гуфт Фарҳод Ҷӯраев.

— Оқибат ба доди мо ҳам расиданд ва моро ба хонаҳоямон интиқол медиҳанд. Ин коронавирус маҷбур кард, ки беш аз дуним моҳ дар шаҳри Фарғона бимонам. Дар ин муддат қирғизҳои ҳамсоя роҳро ба рӯямон бастанд ва мо маҷбуран ин ҷо дармондем, — мегӯяд сокини деҳаи Мӯлгони ноҳияи Сӯх Охунбобо Мирзоеви 90-сола.

— Зиндагӣ дур аз хонаву дар,  зану фарзандон ва наберагон чандон кори осон набудааст. Бо вуҷуди он ки бародарам дар шаҳри Фарғона ҳавлӣ дорад ва ҷоҳу ҷалол бароям бемалол буд, вале дилам ҳамеша мехост, ки ҳарчи зудтар ба Сӯх баргардам. Инак, баъди ду соат ба хона мерасем, — мегӯяд хушҳолона сокини деҳаи Гулистони ин ноҳия Эркинҷон Мирзоев.

— Ман чанд соат дер кардам, ки марзи Ӯзбекистон бо Қирғизистонро убур кунаму ба Сӯх бирасам, аммо аз марз ноилоҷу бедимоғ баргаштам. Аз 19 март то имрӯз, ки барои мусофир басе муддати дароз аст, дар шаҳри Фарғона “меҳмон” будам. Хуш ба ҳоламон, ки ба хонаҳои худ бармегардем, — мегӯяд собиқ корманди рӯзномаи “Садои Сӯх” Додораҳмат Халифаев.

Ёдовар мешавем, ки ин теъдоди сӯхиён муддати дароз дар меҳмонхонаҳо, бӯстонсаройҳо, фароғатгоҳҳо ва хонаҳои хешу табор мезистанд. Ситоди махсуси “Кумак бо дармондагон”-и назди ҳокимияти вилояти Фарғона тайи ин муддат онҳоро бо маводи ғизоӣ, ҷои зист ва маводи дигари мавриди ниёз таъмин мекард.

Тақрибан 200 нафари ин дармондагон катҳои фароғатгоҳи “Зулол”-и ноҳия Фарғонаро банд карда буданд.  Гуфта мешавад, ки онҳо се маҳал бо хӯроки гарм таъмин мешуданд, ҳамчунин аз муоина ва муолиҷаи тиббӣ низ бархурдор буданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here