Тавре ки дафтари матбуоти садорати сиҳати оммаи вилояти Фарғона хабар дод, бемористони марказии ноҳияи экслави Сӯх, ки аз чаҳор тараф дар иҳотаи Қирғизистон қарор дорад ва кулли мардумаш тоҷиктабор мебошанд, бо ҷиҳози зарурӣ ва фановариҳо таъмин мегардад.

— Ин реанимобили “Hyundai”, ҳамчунин таҷҳизоти замонавӣ, ки қиммати умумии он 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад, ба ин ноҳияи дурдасти вилоят дастрас карда шуд. Ин реанимобил ва таҷҳизоти дигар мусоидат менамояд, ки ҳангоми пеш омадани зарурат ва мушкилии роҳ то маркази вилоят ба беморон аввалин кумакҳои тиббӣ расонида шаванд, — гуфт ба мухбири “Фараж” сарпарасти садорати тандурустии вилояти Фарғона Ҳусанбой Мамаҷонов.

Гуфта мешавад, ки дар байни таҷҳизоти тиббӣ кардиомонитор, як дастгоҳи дефибреляторӣ, сето инфузоматор, чорто дастгоҳи табобаткунии коронавирус-СИПАЛ, як дастгоҳи ҷарроҳӣ аз ҳамин шумор мебошанд.

Садорати бахши тандурустии вилоят ба ин ноҳияи дурдаст доруҳои зиёди тиббӣ низ дастрас намудааст, ки барои беморони вазнин ва аъзои хонаводаҳои камбизоат муқаррар шудааст.

— Ҳадафи асосии мо мустаҳкам кардани базаи моддиву техникии бемористони марказии ин ноҳияи дурдаст мебошад. Ҳамаи ин корҳо бар асоси қарори вижаи президент Шавкат Мирзиёев “Дар бораи тадбирҳои рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона дар солҳои 2020-2021” пиёда мегарданд, — иброз дошт Ҳусанбой Мамаҷонов.

Вай тазаккур дод, ки бо ин реанимобил ба бемороне низ кумаки аввалия расонидан мумкин аст, ки то расондани ин ёрӣ интиқоли онҳо ба бемористони марказӣ мамнӯъ мебошад.

Дар айни ҳол беш аз 800 нафар пизишк, ҳамшираи шафқат ва ходими фаннӣ ба мардуми ноҳияи эксклави Сӯх хизмат мерасонанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here